ТРЕНЕРОН

3000 смн
03.06.2026 23 ID 787
Параметры объявления
  • Характер объявления: Спрос
  • Адрес: Душанбе, ул. Г. Завкибекова 34/3
Описание продавца
Мавзӯъҳои асосии омӯзиш:
• Саводнокии рақамӣ;
• Платформаҳои рақамии бозорӣ;
• Асбобҳо ва хизматрасониҳои иттилооти иқлимӣ;
• Барномаҳои машваратии кишоварзӣ;
• Истифодаи бехатар ва самараноки асбобҳои рақамӣ, аз ҷумла истифодаи бехатари интернет.
Вазифаҳо ва уҳдадориҳои асосӣ
Тренерони интихобшуда вазифадор хоҳанд буд:
• Омӯзиши сераӯзаро барои фасилитаторҳо тибқи нақша ва ҷадвали тасдиқшуда баргузор намоянд;
• Машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро бо истифода аз усулҳои интерактивии омӯзишӣ гузаронанд;
• Ба иштирокчиён дониш ва малакаҳои заруриро оид ба истифодаи технологияҳо ва воситаҳои рақамии кишоварзӣ интиқол диҳанд;
• Истифодаи платформаҳои рақамии бозорӣ, хизматрасониҳои иттилооти иқлимӣ ва барномаҳои машваратии рақамиро ба таври амалӣ намоиш диҳанд;
• Иштирокчиёнро барои истифодаи бехатар ва самараноки интернет ва воситаҳои рақамӣ омода намоянд;
• Муҳити мусоиди омӯзиширо таъмин намуда, иштироки фаъоли ҳамаи шунавандагонро ҳавасманд гардонанд;
• Арзёбии сатҳи дониш ва малакаҳои иштирокчиёнро пеш аз омӯзиш ва баъд аз анҷоми он гузаронанд;
• Тавсияҳо ва машваратҳои заруриро барои такмили фаъолияти минбаъдаи фасилитаторҳо пешниҳод намоянд;
• Рӯйхати иштирокчиён, натиҷаҳои арзёбӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба омӯзишро тартиб диҳанд;
• Ҳисоботи мухтасар оид ба раванди омӯзиш, натиҷаҳо, мушкилот ва тавсияҳоро ба ташкилот пешниҳод намоянд;
• Бо ҳайати лоиҳа ва намояндагони ташкилот барои таъмини сифати омӯзиш ҳамкории зич намоянд.
Самтҳои асосии омӯзиш
• Усулҳои самараноки гузаронидани омӯзишҳо оид ба малакаҳои рақамӣ;
• Истифодаи платформаҳои бозорӣ, иттилооти иқлимӣ ва хизматрасониҳои машваратӣ мувофиқи модули тасдиқшуда;
• Методологияҳои омӯзиши калонсолон ва усулҳои фасилитатсия.
Натиҷаҳои интизоршаванда
• Баланд бардоштани малакҳои фасилитаторҳо ва омода намудани онҳо барои омӯзонидани деҳқонон ва ҷавонон дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа;
• Пешниҳоди ҳисоботи омӯзишӣ ва натиҷаҳои арзёбӣ;
• Таъмини истифодаи ягонаи модули таълимӣ дар тамоми минтақаҳои татбиқи лоиҳа.
Талабот ба довталаб
• Маълумоти олӣ дар соҳаҳои маориф, технологияҳои иттилоотӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот ё дигар самтҳои марбут;
• На камтар аз 5 сол таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳо ва барномаҳои баланд бардоштани иқтидор;
• Таҷрибаи гузаронидани омӯзиши «Омода намудани тренерон» (Training of Trainers – ToT).
• Дониши хуб оид ба саводнокии рақамӣ ва технологияҳои рақамӣ;
• Таҷрибаи кор бо деҳқонон, ҷавонон ё кормандони хизматрасониҳои машваратии кишоварзӣ бартарӣ ҳисобида мешавад;
• Донистани методологияҳои омӯзиши калонсолон;
• Маҳорати баланди муошират, фасилитатсия ва омодасозии ҳисоботҳо;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ мебошад (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад).
Давомнокӣ ва шартҳои кор
• Давомнокии кор: тибқи нақшаи лоиҳа (кӯтоҳмуддат);
• Шакли ҷалб: шартномавӣ;
• Ҷойи иҷрои кор: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маълумоти иловагиро дар бораи ҷойи кории холӣ ТАНҲО ҳангоми мусоҳиба гирифтан мумкин аст.

РЕЗЮМЕ ва ё ШАКЛИ АНКЕТАИ “GOOD NEIGHBORS” (анкетаи ташкилотро пурсид ё ба ташкилот муроҷиат намоед – суроға дар зер нишон дода шудааст) ва ба суроғаи электронии зерин фиристед: gnt.humanresources@gmail.com ва arina.nam@goodneighbors.org ва gnt.info@goodneighbors.org
Суроғаи ташкилот: ш.Душанбе, кӯч. Г. Завқибекова 34/3 (назди театри лухтак, Стадиони «Спартак», Боғи бачагона).

Маълумоти иловагиро оид ба ташкилот метавонед дар сомонаҳои зерин пайдо намоед:
www.goodneighbors.org
www.goodneighbors.tj
https://www.facebook.com/gnta jikistan/
https://www.instagram.com/goo dneighbors_tj/
https://www.linkedin.com/comp any/15834558/
Поделиться
Нет комментариев